ТАТБИҚИ БАРНОМА МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва бознигариву такмили стандарт, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳина Бобоева
— Маълум, ки таҳсилоти томактабӣ яке самтҳои муҳимми соҳаи маориф эътироф гардидааст. Мехостем бидонем, ки дар ин бобат Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон чӣ тадбирҳоро ба нақша гирифтаву аз пайи амалӣ намудани он саъйю талош дорад?
– Дар сохтори илмии пажуҳишгоҳ шуъбаи муасси­саҳои томактабӣ, ибтидоӣ, бознигариву такмили стандарт, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ фаъолият менамояд. Шуъба фаъолияти худро барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, таҳқиқи сифати тадрис, сатҳи дониши кӯдакону хонандагони хурдсол, ҷорӣ намудани фаъолиятҳои инноватсионӣ миёни мураббиён ва рушди муассисаҳои томактабӣ равона кардааст.
Яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаи мазкур ба ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа тағйиру иловаҳои пешниҳод кардан ва таҳияву коркарди барномаҳои таълимӣ, нишондодҳои методӣ, китобҳои дарсӣ ва воситаи таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ, мутахассисони пажуҳишгоҳ соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи корӣ лоиҳаи Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдакро мавриди бознигариву такмил қарор дода, онро барои тасдиқ манзур сохтанд. Ва он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардид.
Ҳамзамон, ходимони илмии пажуҳишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи «Рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дастури «Харитаи мушоҳидаи рушди кӯдак», «Барномаи таълим барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ. Омӯзиш тавассути бозӣ» (барои 54 соат)-ро таҳия намуданд, ки айни замон тренерони касбӣ аз рӯйи барномаи таълимии номбурда дар 14 шаҳру ноҳияи такягоҳии ҷумҳурӣ ба мураббиён аз рӯйи он семинарҳои омӯзишӣ баргузор карда истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки мавзуи шуъбаи томактабии пажуҳишгоҳ «Роҳу усули интихобу тарбияи кӯдакони болаёқат ва боистеъдод дар ҳошияи татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» маҳсуб ёфта, кормандони илмӣ ба таҳқиқу баррасии низоми муосири таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд.
– Ҷиҳати амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар зинаи таҳсилоти томактабӣ пажуҳишгоҳ чӣ иқдомҳоро роҳандозӣ карда истодааст?
– Ходимони илмии пажуҳишгоҳ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо мақсади иҷрои стратегия «Барномаи таълими курси омӯзишии мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак» (барои 36 соат)-ро таҳия намуданд, ки он ба қарори Шурои олимони ДҶТИБКСМ барои нашр тасдиқ ва аз рӯйи он курсҳои омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Ҳамзамон, лоиҳаи «Низомномаи намунавии Маркази инкишофи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мураттаб намуда, барои арзёбӣ ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод сохтанд, ки айни замон мавриди омӯзиши вазорату идораҳои давлатӣ қарор дорад.
Бо мақсади мураттаб сохтани барномаҳои таълимии алтернативӣ якҷо бо Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» барномаи таълимии мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таҳти унвони «Таҳсилоти томактабии муосир чист?» таҳия гардид. Муҳтавои барномаи таълим шаклҳои интерактивии омӯзишро барои кӯдак фароҳам овардааст. Барномаи мазкур бо мутахассисони варзида дар муассисаҳои томактабии такягоҳӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Пас аз омӯзиш аз ҷониби мушовирони маҳаллӣ, ки аз ҳисоби ходимони пажуҳишгоҳ интихоб шудаанд ва намояндагони Вазорати маориф ва илм, малакаи корбарии мураббиёни муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои такягоҳӣ мавриди арзёбӣ қарор дода мешавад. Аз натиҷаи мониторинги дониши мураббиён моҳияту арзиши барномаи алтеранативӣ муайян карда мешавад.
Ҷиҳати таъмин намудани тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии таълимашон бо забони ғайридавлатӣ бо маводи таълим, ходимони илмии пажуҳишгоҳ бо мақсади ба роҳ мондани машғулиятҳои забони русӣ дар муассисаҳои томактабӣ дастури «Читаем дошкольникам»-ро таҳия намуданд ва он бо қарори ҷаласаи Шурои миллии таҳсилот ба нашр расонида шуд.
– Мехостем бифаҳмем, ки татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Бо мақсади рушди соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ айни замон 2 стратегия ва 8 барномаи давлатӣ қабул гардидааст, ки аз он ду барномаи давлатӣ дар соҳаи томактабӣ: «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» ва «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» мавриди амалишавӣ қарор доранд.
Ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаву чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ гурӯҳи корӣ амал мекунад, ки вазифаи асосии он таълифи барномаҳои таълимии алтернативӣ барои муассисаҳои томактабӣ, низомномаи муассисаҳои томактабӣ, дастуру воситаҳои ёрирасон ва монанди ин мебошад.
Соли ҷорӣ ходимони илмии пажуҳишгоҳ зиёда аз 10 дастури таълимии соҳаи томактабиро мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дода, оид ба мазмуну муҳтавои дастурҳо хулосаҳои худро дар шакли тақриз пешниҳод намуданд. Аксари дастхатҳо барои ислоҳ ба муаллифон баргардонида шуда, сипас бо такя ба эродҳои баёншуда мавриди ислоҳ ва бознигарӣ қарор гирифтанд ва рӯзҳои наз­дик барои баррасӣ ба ҷаласаи Шурои миллии таҳсилот пешниҳод хоҳанд шуд.
Боиси хушнудист, ки соли таҳсили 2022-2023 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои замимаи 1-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» 12 дастури методиро барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ бо теъдоди муайян ба нашр расонид.
Мутобиқ ба талаботи замимаи 2-и «Барномаи давлатии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии соҳаи таҳсилоти томактабӣ», ҳамасола то 3000 нафар мураббию корманди марказҳои инкишофи кӯдак ба курсҳои такмили ихтисос сафарбар карда мешаванд, ки дар ин самт ходимони илмии пажуҳишгоҳ низ ҷиҳати доир кардани курсҳои такмили ихтисос ҷалб карда шудаанд.
Тибқи замимаи 3-и барнома, бояд дар ҷумҳурӣ дар муддати 3 сол 4846 Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода мешуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2111 МИК фаъолият мекунад, ки 43,5%-и иҷрои барномаро дар бар мегирад.
Як сабаби ба таври зарурӣ ташкил нашудани МИК, номушаххасии мақоми ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак бошад, сабаби дигар, мавҷуд набудани шароиту имконият дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шумор меравад. Гузашта аз ин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз воқеият зиёд ба нақша гирифтани таъсиси марказҳо сабаби дигари амалӣ нашудани он ба шумор меравад. Зеро теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ айни ҳол 3970 ададро ташкил медиҳад. Яъне норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имкон намедиҳад, ки ҳамасола гурӯҳҳои иловагии МИК ташкил карда шаванд.
– Ҷараёни баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ дар муассисаҳои томактабӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва он то чӣ андоза метавонад барои мубодилаи таҷриба ва дарёфти мураббиёни навкору эҷодкор замина гузорад?
– Ҳамасола дар зинаи таҳсилоти томактабӣ озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» дар чор давр доир карда мешавад ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.
Соли ҷорӣ ҷамъбасти озмун ва маросими сарфароз гардондан ба иди омӯзгорон рост омад. Дар озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон», дар даври минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ходимони илмии пажуҳишгоҳ ба ҳайси ҳакамон иштирок намуданд.
Соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мизбонро дар Анҷумани омӯзгорони ИДМ ба дӯш дошт. Намояндагони давлатҳои ИДМ аз Тоҷикистони офтобрӯя бо таассуроти нек баргаштанд.
Соли 2022 Анҷумани омӯзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар анҷуман ходимони илмии пажуҳишгоҳ ба ҳайси ҳакамон ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Мураббӣ» иштирок карданд. Мураббии кӯдакистони
№149-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Фирӯза Ватаншоева дар озмун иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
– Талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабии хусусӣ чӣ гуна аст?
– Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи мазкур дар марҳалаи якум барои солҳои 2022-2024 таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ба раёсату шуъбаҳои маориф дастрас карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи Нақшаи татбиқи ин Барнома, сохтмони 264 муассисаи нави томактабӣ дар назар дошта шудааст.
Таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо бахши хусусӣ ва таъмини раванди муътадили шарикии давлат бо бахши хусусӣ метавонад ба фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат намояд. То ин дам дар ҷумҳурӣ 155 муассисаи томактабии хусусӣ ва 16 адад Маркази хусусии инкишофи кӯдак бо фарогирии 8200 кӯдак фаъолият менамояд.
Мутаассифона, ба сабаби зиёд будани талаботи аҳолӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ ва кам будани шумораи кӯдакистонҳо, талаботи аҳолӣ ба таври пурра қонеъ карда намешавад.
Мушкилоти дигар, аз фаъолият бозмондани муассисаҳои томактабии хусусӣ ба шумор меравад. Дар баъзе аз ноҳияҳои мамлакат қитъаи замини ба сохтмони кӯдакистонҳои хусусӣ ҷудокардашуда, дар ҷойи ба аҳолӣ дур ва ё дар маҳалли талабот ба муассисаи томактабӣ камтар сохта мешаванд.
– Барои баланд бардоштани савияи касбии кормандони муассисаҳои томактабӣ, тавассути аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани онҳо чӣ тадбирҳо амалӣ мегарданд?
– Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд ба шумор меравад.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 10 150 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамоянд.
Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 4507 нафар корманди муассисаҳои томактабӣ ба курсҳои такмили ихтисос сафарбар карда шуданд.
Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»